Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони баландпояи Бонки олмонии рушд (KfW)
28 октябри соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Йонас Ротфелдер – менеҷери минтақавии Бонки олмонии рушд (KfW) оид ба давлатҳои Қафқоз, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ва Андреас Шнайдер – роҳбари намояндагии Бонки мазкур дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ Завқизода З. А. саҳми бонки мазкурро дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷиҳати густариши минбаъдаи шарикии стратегӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ лоиҳаҳои ҷорӣ, аз қабили Нерӯгоҳи барқи обии Себзор, Барномаи ҳифзи саломатии модару кӯдак (марҳилаи VI) ва сохтмони мактабҳо дар деҳот, ки дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад, муҳокима гардиданд.
Завқизода З. А. аз ҷониби бонк ҷиҳати сармоягузорӣ ва дастгирии молиявӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз қабили саноат, энергетика, тандурустӣ ва маориф даъват ба амал оварда, пешниҳод намуд, ки имкони баргардонидани Тоҷикистон ба кишварҳои шарики Олмон баҳри рушд баррасӣ карда шавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда иброз намуданд.