Навиди Вазорат



Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

1 ноябри соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда – Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрику таҳният намуд.

Завқизода З. А. қайд кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд «Қабули Конститутсия ва фазои орому осоишта, инчунин заҳматҳои шабонарӯзии Ҳукумати кишвар барои рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат шароит фароҳам овард».

Аз ҷумла новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ баъд аз ќабули Конститутсия ва дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 23 соли давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 млрд. сомонии соли 2000 то 130,8 млрд. сомонӣ дар соли 2023 ё 73 маротиба, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонии соли 2000 то 12,9 ҳазор сомонӣ дар соли 2023 ё 45 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 млрд. сомонии соли 2000 то 112,7 млрд. сомонӣ дар соли 2023 ё 112 маротиба зиёд гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 21,2 фоиз коҳиш ёфта, зиёда аз 2400 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 3648 адад муассисаҳои нави таълимӣ, 2958 адад муассисаҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба кормандони вазорат дастур дода шуд, ки доимо барои рушди иљтимоию иќтисодии кишвар ва иҷрои вазифаҳои мансабӣ дар фаъолияти кориву шахсии худ аз пештара бештар талош намоянд.