Мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндагони Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC)
11 ноябри соли 2024, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо намояндагони Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) баргузор гардид. Мақсади мулоқот баррасии ҷанбаҳои муҳими ҳамкории иқтисодӣ ва мубодилаи афкор оид ба ташаббуси «Тиҷорати Осиёи Марказӣ Плюс» (TCCA+), ки ба пешбурди савдо ва таҳкими имкониятҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, буд.
Дар суханронии худ Нуриддинзода А. Н. аҳамияти шарикӣ бо ITFC-ро таъкид намуда, қайд кард, ки дастгирии ин корпоратсия дар соҳаҳои маблағгузории савдо ба таҳкими иқтисодиёти Тоҷикистон ва минтақа мусоидат мекунад. Инчунин Муовини вазир миннатдории худро барои саҳми ITFC дар густариши имкониятҳои маблағгузории исломӣ, ки барои корхонаҳои ватанӣ дурнамои нав мекушояд, изҳор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ITFC маълумотро дар бораи ҷараёни татбиқи ташаббуси TCCA+ пешниҳод намуда, нақшаҳои дастгирии савдо ва соддагардонии расмиёти савдоро баррасӣ карданд, ки ин қадам барои таҳкими низоми савдо ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар аҳамияти муҳим дорад. Ҳангоми муҳокима, таваҷҷуҳи махсус ба риояи стандартҳои байналмилалӣ ва рушди нерӯи инсонӣ равона гардид.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси TCCA+ изҳор намуданд. Қайд гардид, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои ташаббусҳои нав, ки ба рушди иқтисоди кишвар нигаронида шудаанд, кушода мебошад.