Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
22 ноябри соли 2024 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ, фароҳам овардани майдони муколамаи созанда ва мубодилаи афкору таҷриба бо мақомотҳои давлатӣ, сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, коршиносони байналмилаливу миллии соҳавӣ ва шарикони рушд, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва технологияи муосир, роҳандозии тиҷорати электронӣ ва принсипҳои иқисоди «сабз» дар фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ гузаронида мешавад.
Дар кори Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ дар маҷмуъ зиёда аз 300 нафар иштирок менамоянд.
Пеш аз оғози Форум иштирокдорон дар намоишгоҳи EXPO - и маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ иштирок намуда, бо фаъолият ва молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳои хоҷагидори минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ аз наздик шинос мегарданд.
Ҳамзамон дар доираи Форум баимзорасонии созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ ва сафари шиносоӣ ба минтақаи озоди итқисодии «Кӯлоб» ба нақша гирифта шудааст, ки он барои ҷалби бештари сармоягузорони ватаниву хориҷӣ мусоидат мекунад.
Макони баргузорӣ: шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, минтақаи озоди итқисодии «Кӯлоб»