Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 ноябри соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашнҳои муҳими таърихӣ самимона табрику таҳният намуд.
Ҳамзамон иброз дошт, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Ба шарофати Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро қатъ намудем, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо бахшидем, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро барқарор кардем, асосҳои сохти давлатдории муосир – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро гузоштем ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намудем».
Завқизода З. А. қайд намуд, ки ҳамаи дастовардҳои замони истиқлол, ваҳдату якпорчагии миллат маҳз ба фаъолияти пурсамар ва азму иродаи қавии Пешвои муаззами миллат иртибот дошта, давлати мо дар самти рушди устувор ва таъмини зиндагии арзандаи халқи Тоҷикистони маҳбубамон ба комёбиҳои беназир ноил гардид.
Аз ҷумла новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 23 соли давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 млрд. сомонии соли 2000 то 130,8 млрд. сомонӣ дар соли 2023 ё 73 маротиба, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонии соли 2000 то 12,9 ҳазор сомонӣ дар соли 2023 ё 45 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 млрд. сомонии соли 2000 то 112,7 млрд. сомонӣ дар соли 2023 ё 112 маротиба зиёд гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 21,2 фоиз коҳиш ёфта, зиёда аз 2400 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 3648 адад муассисаҳои нави таълимӣ, 2958 адад муассисаҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ба кормандони вазорат дастур дода шуд, ки доимо барои ҳифз ва тақвият додани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар фаъолияти кориву шахсии худ ҷидду ҷаҳд намоянд.