Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди омодагии вилояти Хатлон ба зимистонгузаронӣ

.

  

15 ноябри соли 2024 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» баргузор гардида, дар он омодагии вилояти Хатлон ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ - аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва раисони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он баргузор гардид.

Бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, молия, кишоварзӣ, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҷамъиятҳои матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайра мавриди омӯзиш қарор дода шуда, гузориши дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ, сӯхт ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби Роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 супоришҳои мушаххас дода шуданд.