Навиди Вазорат



Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Менеҷери портфелии лоиҳаҳо оид ба рушди устувори иқтисодӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ

.

  

18 ноябри соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо – Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Менеҷери портфелии лоиҳаҳо оид ба рушди устувори иқтисодӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ёсин Бен Саид баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Нуриддинзода А. Н. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки олмонии рушд (KfW) пайваста рушд меёбанд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро, ки ба дастгирӣ ва рушди занҷири арзиши иловашуда дар хоҷагии қишлоқ равона шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд.

Нуриддинзода А. Н. ҷиҳати иштирок ва дастгирии фаъолона дар раванди татбиқи лоиҳаи қайдгардида ба Ёсин Бен Саид изҳори миннатдорӣ намуд.

Қайд гардид, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии Бонки олмонии рушд (KfW) амалӣ гардида, қадами муҳим дар рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бо шарофати ҷудо гардидани грант бо маблағи 8,6 миллион евро аз ҷониби KfW, панҷ ташкилоти пешқадами хурди қарздиҳӣ аз қабили, Арванд, Ҳумо, Финка, Имон Интернешнл ва Оксус ба корхонаҳои хурду миёнаи кишвар қарзҳои имтиёзноки дарозмӯҳлат пешниҳод намуданд.

Лоиҳаи мазкур имкон дод, ки дастрасии соҳибкорони деҳот ба захираҳои молиявӣ беҳтар гардида, ба баланд бардоштани фаъолияти онҳо ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаҳо мусоидат намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро оид ба таҳияи лоиҳаҳои нав дар самти рушди устувори иқтисодӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд изҳор намуданд.