Созишномаҳои грантӣ имзо гардид
Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон мувофиқашуда, ки соли 2014 дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир гардида буданд, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо 11 феврали соли ҷорӣ маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ барои солҳои 2014-2015 ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир ба ҳамкориҳои техникӣ барои солҳои 2014-2015 баргузор гардид.
Созишномаҳои мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон Сафири ин давлат дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Грин имзо намуданд. Ин созишномаҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҳия гардидаанд.
Бояд тазаккур дод чунин созишномаҳо ҳар ду сол пас аз анҷом додани гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ имзо гардида, дар онҳо маблағҳои грантие нишон дода мешавад, ки аз ҷониби Ҳукумати Олмон барои татбиқи лоиҳаҳои ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ ҷудо карда мешаванд. Мутобиқи созишномаҳои имзошуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, энергетика, таҳсилоти касбӣ, сохтмони мактаб, рушди низоми маблағгузории хурд дар минтақаҳои деҳот ва барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоӣ 54,5 млн. евро ҷудо мегардад.