Навиди Вазорат



Нишасти нуздаҳуми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА дар Душанбе баргузор гардид

.

  

28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 19-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) таҳти раёсати муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ва бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE), Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UN ESCAP) баргузор гардид.

Нуриддинзода А. Н. дар суханронии худ қайд намуд, ки пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" диққати ҷаҳонро ба масъалаи ҳифзи захираҳои обӣ ҷалб намудааст ва зарурати таҳкими ҳамгироии минтақавӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим зарур дониста шуд.

Ҳамзамон дар нишасти мазкур натиҷаҳои чорабиниҳои канорӣ ва масъалаҳои Форуми иқтисодии СПЕКА мавриди баррасии кишварҳои иштирокчӣ ва шарикони рушд қарор дода шуд. Инчунин дар ҷаласа қарори Шӯрои роҳбарикунанда ва Консепсияи рушди СПЕКА барои то соли 2030 қабул гардид, ки дар ин ҳуҷҷатҳо тақвияти ҳамкориҳои афзалиятноки минтақавӣ, аз ҷумла самтҳои савдову сармоягузорӣ, рақамикунонӣ, инноватсия, энергетика, муҳити зист ва масъалаҳои гендерӣ инъикос ёфтааст.

Илова бар ин дар чорабинӣ иштирокчиён ба зарурати рушди сабз ҳамчун унсури асосии расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи СПЕКА таъкид намуданд.

Хотирасон бояд шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии Барномаро дар соли 2024 бар уҳда дорад.