Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори Бонки Авруосиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 декабри соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори Бонки Авруосиёгии Рушд (БАОР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Якунин Владимир Николаевич баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ Завқизода З. А. ҳамчун аъзои Шурои Бонки Авруосиёгии Рушд ҷиҳати дастгирии фаъолона дар раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди устувори иқтисоди кишвар ба Якунин В. Н. изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар баробари ин ҳамчунин вобаста ба зиёд намудани маблағгузории БАОР ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, энеркетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, савдо, маориф, тандурустӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ, бахусус рақамикунонии бизнес-ҷараёнҳо дар вазорат даъват ба амал оварда шуд.
Пешниҳодҳо вобаста ба зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби Директори БАОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро оид ба таҳияи лоиҳаҳои нави афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус оид ба таъсиси кластери нассоҷӣ ва маркази логистикии муосир, инчунин ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд изҳор намуданд.