Бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
13 декабри соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Муовини якуми вазир Солеҳзода А. А., бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва кормандони дастгоҳи марказӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Солеҳзода А. А. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муҳими таърихӣ самимона табрику таҳният намуд.
Ҳамзамон иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи тафаккури Пешвои муаззами миллат буда, бо назардошти афкору андешаҳои табақаҳову гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа таъсис ёфтааст ва тавонистаст, ки дар марҳилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ ҳамчун ҳизби меҳварӣ орзуву ормонҳои мардумро дар худ таҷассум кунад ва ба ҳизби умумимиллӣ табдил ёбад.
Ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои рушди ватани маҳбуб ва осудаҳолии мардуми шарифи кишвар равона гардидааст, ки барои ҳар яки мо аз манфиат холӣ нест ва ватандӯстиву зиракии сиёсии моро боло бардошта, муҳаббату садоқати моро ба ҳизб ва Роҳбари муаззами он – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмуъ ба Тоҷикистони азиз боз ҳам бештар месозад.
Ҳамзамон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар мақому манзалат ва ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро дар ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистон дар самту бахшҳои гуногун ва муҳими давлатдорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки худ зодаи даврони истиқлол ва тафаккури созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис ва муассиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нақши муассир ва мондагор дорад.
Дар анҷоми чорабинӣ ба кормандони вазорат дастур дода шуд, ки доимо барои пешрафту шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон дар фаъолияти кориву шахсии худ ҷидду ҷаҳд намоянд.