Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид
18 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон Бобоев Мухтор баргузор гардид.
Дар доираи ҷаласаи Комиссия мулоқоти дуҷонибаи ҳамраисон ва вохӯриҳои намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисодӣ баргузор шуданд.
Завқизода З. А. иброз дошт, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев — пайваста таҳким ёфта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.
Инчунин Завқизода З. А. Мухтор Баҳодурро барои бомуваффақият баргузор намудани СОР-29 ба ҳайси Президент табрик намуд.
Қайд гардид, ки ҷаласаи мазкур барои татбиқи бандҳои Декларатсияи шарикии стратегӣ, ки 23 майи соли 2024 ба имзо расида буд, инчунин рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатӣ заминаи муҳим мегузорад.
Дар ҷаласаи Комиссия масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ, саноатӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг ва маориф муҳокима гардиданд. Ҷонибҳо дар бораи таҳкими ҳамкориҳо дар самти рушди энергияи сабз, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли алюминий, коркарди нафт ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, инчунин густариши ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика ба тавофуқ расиданд.
Ба таъкиди тарафҳо, татбиқи ин ташаббусҳо ба афзоиши гардиши молу маҳсулот, ҷалби сармоягузорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар натиҷаи ҷаласа Протоколи ҳафтуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон ба имзо расид.
Чорабиниҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ният баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ иброз намуданд.
Ҳайати расмии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии Вазири экология ва захираҳои табиӣ аз 17 декабр дар шаҳри Душанбе қарор дошта, зимни сафари худ бо таърихи бой ва фарҳанги қадимаи мардуми Тоҷикистон шинос шуданд.