Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баргузор гардид
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2024, аз №24/10-333 рӯзи 11 январи соли 2025 бо иштироки муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид маҷлиси ҷамъбастии ноҳияи Панҷ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли 2025 баргузор гардид.
Дар маҷлис гузориши роҳбарияти ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар соли 2024 ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ шунида шуда, вазифаҳо барои соли 2025 муайян карда шуданд.
Солеҳзода А. А. ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҷиҳати иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2024 ироа намуданд ташкили корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷумла таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва сохта ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ бо истифодаи оқилонаи заминҳо, гирифтани 3-4 ҳосил ва ҷамъоварии пурраи маҳсулоти кишоварзӣ, фаро гирифтани бонувон ва шахсони бешуғл ба курсҳои касбомӯзӣ ва рушди марказҳои таълимӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати роҳ надодан ба исрофкорӣ ҳангоми таҷлили ҷашну маросимҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию ватандӯстии сокинон, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба сокинони ноҳия, таҳлили камбудиҳои ҷойдошта, андешидани тадбирҳо барои бартарафсозии онҳо ва назорати қатъии иҷрои нақшаҳои давлатӣ дар ноҳия супоришҳои дахлдор дод.