Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими баимзорасонии Созишномаҳои грантӣ бо Бонки олмонии рушд (KfW) баргузор гардид
29 январи соли 2025 маросими баимзорасонии ду созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд (KfW) ба маблағи умумии 10 миллион евро баргузор гардид, ки онҳоро Завқизода Завқӣ Амин – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Йорк Шуграф – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ва Андреас Шнайдер – Директори минтақавии KfW дар Осиёи Марказӣ имзо намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷонибаи кишвар бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Бонки олмонии рушд (KfW) сол аз сол рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаҳои мазкур барои сохтмони бинои иловагӣ дар Пажӯҳишгоҳи миллии илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин таҷдиди Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бо таҷҳизоти муосир пешбинӣ шудаанд. Татбиқи бомуваффақияти ин лоиҳаҳо барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар намудани ҳифзи саломатии модару кӯдак ва дастрасии аҳолӣ ба ёрии таъҷилии тиббӣ равона гардидаанд.
Қайд бояд кард, ки солҳои охир ҷониби Олмон барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз ҷумла сохтмони НБО «Себзор» 63 миллион евро, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 14 миллион евро, рушди инфрасохтори деҳот 20 миллион евро, занҷираи арзиши иловашудаи кишоварзӣ 9,6 миллион евро, сохтмони беморхонаи бемориҳои руҳию сил 11 миллион евро ва дар маҷмӯъ 128 миллион евро маблағҳои грантӣ ҷудо намудааст.
Дар анҷоми чорабинӣ Завқизода Завқӣ Амин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Бонки олмонии рушд (KfW) барои дастгирӣ ва саҳми онҳо дар рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.