Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон

.

  

13 феврали соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Тоҷикистон Ко Сакамото баргузор гардид.

Завқизода З. А. иброз дошт, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвар ба рушди устувори иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Дар ин росто Ҳукумати кишвар Бонки Осиёии Рушдро яке аз шарикони боэътимод дониста, нақши онро дар татбиқи афзалиятҳои рушди миллӣ муҳим арзёбӣ менамояд.

Қайд гардид, ки то имрӯз БОР ба иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 2,6 миллиард доллар сармоягузорӣ карда, ҳаҷми лоиҳаҳои амалкунандаи он дар кишвар айни ҳол 947 миллион долларро ташкил медиҳад.

Завқизода З. А. бо назардошти саҳми кишварҳои дигари сармоягузор, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд ва дигар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, аз Бонки Осиёии Рушд даъват намуд, ки ба маблағгузории НБО “Роғун” ҳамроҳ шуда, тасдиқи 500 миллион долларро ҳарчи зудтар анҷом диҳад.

Ҳамзамон аз Бонки Осиёии Рушд хоҳиш гардид, ки дар таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди содирот барои солҳои 2026-2030 дастгирии техникӣ ва молиявӣ расонад. Ҳадафи ин барномаҳо танзими устувори рушди иқтисодӣ ва тақвияти равобити тиҷоратӣ мебошад.

Дар посух ба пешниҳодҳои Тоҷикистон Роҳбари Намояндагии БОР изҳор дошт, ки дархосту пешниҳодҳои номбурдаро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Роҳбари Намояндагии БОР нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, қайд кард, ки натиҷаҳои ноилшуда барои рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки раванди ҳамкориро идома дода, барои татбиқи амалии ташаббусҳои пешниҳодшуда чораҳои мушаххас меандешанд.