Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Малайзия дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Тошканд

.

  

20 феврали соли 2025 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири навтаъини Фавқулодда ва Мухтори Малайзия дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд Илҳом Туаҳ Илёс вохӯрӣ анҷом дод.

Дар оғози вохӯрӣ Завқизода З. А. нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҷоди субот, амнияти минтақавӣ ва ташаккули сиёсати пешрафта дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.

Завқизода З. А. ҳамчунин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ишора карда, қайд намуд, ки бо ибтикори Тоҷикистон СММ соли 2025-ро "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон намуд. Дар ин замина ӯ ба ҷониби Малайзия барои иштироки сатҳи баланд дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки охири моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи пешрафтаи Малайзия дар бахши саноат, имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, рақамикунонӣ, нассоҷӣ, саноати хӯрокворӣ, алюминий ва металлҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки сатҳи кунунии савдои дуҷониба ба талаботи воқеии бозор ва иқтидори мавҷуда ҷавобгӯ набуда, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ зарур аст.

Дар навбати худ Сафири Малайзия нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ, пешбурди рушди иқтисодӣ ва ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Малайзия барои тақвияти ҳамкориҳои стратегӣ бо Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад.

Қайд гардид, ки густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба манфиати ҳарду кишвар буда, Малайзия Тоҷикистонро дар татбиқи барномаҳои рушди устувор ва лоиҳаҳои иқтисодӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Инчунин Сафир изҳори итминон намуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар солҳои наздик ба сатҳи сифатан нав хоҳанд расид.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо бори дигар тасмими ҷиддии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баён намуданд.