Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025
28 феврали соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи аввалини Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа раванди иҷрои се ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ баррасӣ шуд, аз ҷумла «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2028», «Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм барои давраи то соли 2030», ва «Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026».
Оид ба рафти татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Исфандиёр, сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддинзода Шарофиддин ва сардори Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ Ҳабибов Убайдулло Абдуллоевич рӯнамо пешниҳод гардид.
Тибқи нақшаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025, раванди татбиқи 32 ҳуҷҷати стратегӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Натиҷаҳои таҳлил ва арзёбӣ дар шакли гузориши муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд шуд.