Навиди Вазорат



Баргузории вохӯрӣ вобаста ба масъалаи арзёбии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

  

6 марти соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки муовини вазир – Восидиён Фарҳод Саъдулло, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат вохӯрӣ ва мусоҳиба ҷиҳати иҷрои моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» баргузор гардид.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».

Инчунин дар робита ба рӯзномаи ҷаласа Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №355 дар бораи «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар вазорат Гурӯҳ оид ба арзёбии дохилидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият менамояд.

Дар соли 2024 вазорат ҷиҳати тамини рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар 16 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуда, аз арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ гузаронидааст.

Дар ҷамъомад намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сарнозири Раёсати экспертизаи давлатии зиддикорупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – Ҳикматзода Муҳамадали Раҷаб ва лейтинанти калони адлияи ҳамин Раёсат – Ҳамидзода Исроил Исмоил бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.