Навиди Вазорат



Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Модар»

.

  

7-уми марти соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба ҷашни «Рӯзи Модар» ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ баргузор карда шуд.

Ҷамъомади тантанавиро бо сухани табрикотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин оғоз намуда, иброз дошт, ки вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дуруст қайд намуданд: «Зан - Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад. Ҳеҷ кадоме аз мо наметавонем, ки заҳмату бедорхобии ҳатто якшабаи модари худро ҷуброн кунем».

Инчунин қайд гардид, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.

Дар интиҳои ҷамъомад роҳбарияти вазорат бори дигар бонувони вазорат ва дар симои онҳо модарон, хоҳарон ва духтарони сарбаланди коллективи вазоратро ба фаро расидани ҷашни фархунда - Рӯзи Модар таҷассумгари сарсабзиву зебоӣ аз самими дил мубаракбод гуфтанд.