Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 211


Мулоқоти Вазир бо сафирон

.

10 марти соли 2016 Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода дар оғози вохӯрӣ Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Маҷористон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Остона) ҷаноби Андраш Бараниро барои ташриф ва таъйин шуданаш ба ин мақом муборакбод намуда, изҳори боварӣ намуд, ки аз ин пас робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар густариши бештар касб хоҳад кард.

 

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароти ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Маҷористон, соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳаҳои саноат ва гидроэнергетика, ҷалби сармоягузорӣ, имконият ва иқтидори содиротӣ, рушди сайёҳӣ ва ташкили инфрасохтори замонавӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд. 

Нимаи дуюми рӯз, Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Ҳикматуллозода, ҳамчунин, бо Сафири Шоҳигарии Бруней Доруссалом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳоҷӣ Маҳади Майдин мулоқот анҷом дод, ки дар он роҳандозӣ намудани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.