Шарҳу тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
14 марти соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию машваратӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», дуруст истифода бурдани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои забони тоҷикӣ ҳангоми навишт ва муошират дар вазорат бо иштироки роҳбарият, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи марказии вазорат машварати корӣ баргузор гардид.
Дар семинар муовини вазир - Восидиён Фарҳод Саъдулло оид ба муҳиммияти дуруст истифода бурдани аломатҳои китобатӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳангоми таҳияи санадҳо, навиштани мактубу дархост ва дигар ҳуҷҷатҳо дар вазорат таъкид намуд.
Қайд гардид, ки дар масъалаи омӯхтани забон, гиромӣ доштани забони модарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус дода, дар суханрониҳо, мулоқоту вохуриҳои сершумори худ муҳиммияти ин масъаларо таъкид менамоянд. Тавре дар яке аз баромадҳояшон Сарвари давлат таъкид намудаанд «Забон аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошад, зеро он рукни меҳварӣ ё шоҳсутуни давлатдорӣ ва ҳастии миллати тоҷик бо таърихи беш аз шашҳазорсола буд, ҳаст ва мемонад».
Дар чорабинӣ Сардори Шуъбаи номгузорӣ ва танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зулфониён Раҳим Раҷабзода вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», шарҳу тафсири қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, дуруст истифода бурдани онҳо ҳангоми навиштан ва оиди аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ баромад карда, ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас дод.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус хизматчиёни давлатӣ дар самти тозаву пок нигоҳ доштани забони давлатӣ ва расонидани он ба насли оянда вазифадор мебошад.