Бистумин ҷаласаи Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба соддагардонии савдо – қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рақамикунонии савдо дар минтақа
14 марти соли 2025 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бистумин ҷаласаи Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба соддагардонии савдо баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) доир шуда, дар он ҳайатҳои расмӣ аз кишварҳои узви СПЕКА, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддинзода Ахлиддин Нуриддин тариқи маҷозӣ раисӣ намуд.
Дар оғози ҷаласа, Нуриддинзода А.Н. таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад, ки ҳамкориҳои минтақавиро таҳким бахшида, раванди савдо ва иқтисоди рақамиро ба сатҳи нав барорад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар таҳияи механизмҳои муосири тиҷоратӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ, на танҳо ба рушди иқтисоди худ мусоидат мекунад, балки дар ҳалли мушкилоти умумиминтақавӣ нақши калидӣ мебозад.
Дар ҷаласа масъалаҳои калидии ҳамкории кишварҳои СПЕКА дар раванди узвият ва иштироки фаъол дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС), пешрафт дар татбиқи Стратегияи СПЕКА оид ба соддагардонии савдо, амалӣ гардонидани Принсипҳои тиҷорати устувор, бартарафсозии монеаҳои ғайритарифӣ ва густариши рақамикунонии савдо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони кишварҳои узви СПЕКА раванди татбиқи Стратегияи СПЕКА оид ба соддагардонии савдо ва Харитаи роҳи онро муҳокима намуда, ҳамзамон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии минтақаро муайян карданд. Ҳамкории кишварҳои СПЕКА дар раванди узвият ва татбиқи Созишномаи соддагардонии савдои СУС , яке аз бахшҳои муҳими ҷаласа буд.
Таҳлили монеаҳои ғайритарифӣ ва роҳҳои соддагардонии расмиёти тиҷоратӣ дар шароити тағйирёбии муҳити ҷаҳонӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Бо назардошти мушкилоти мавҷуда, Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар доираи СПЕКА механизмҳои муассири бартарафсозии монеаҳои ғайритарифӣ ва мутобиқсозии низоми савдо бо стандартҳои байналмилалӣ таҳия ва татбиқ карда шаванд.
Дар бахши рақамикунонии савдо ва нақлиёти бисёрҳолатӣ, татбиқи Роҳхаритаи рақамикунонии долони Транс-Каспий ва имкониятҳои густариши ҳамкорӣ дар ин самт мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Намояндагони UNECE ва ESCAP тавсияҳои худро барои такмили ҳуҷҷатгузории электронӣ ва коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ дар савдо пешниҳод намуданд.
Дар идомаи ҷаласаи бистумин Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба соддагардонии савдо, намояндагони кишварҳои узви СПЕКА ва шарикони рушд нақшаҳои ояндаи ҳамкориро тасдиқ намуда, омодагии худро барои идомаи чорабиниҳои муштарак баён карданд.
Натиҷаҳои ин ҷаласа асоси нави рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва ҳамгироии рақамӣ дар минтақаи СПЕКА гузошта, Тоҷикистон дар ин раванд омода аст, ки дар самти пешбурди ин ташаббусҳо нақши пешбарандаи худро боз ҳам тақвият диҳад.