Навиди Вазорат



Баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028

.

  

17 марти соли 2025 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, №92-ф дар вазорат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон, инчунин шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мазкур дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 баргузор гардид.

Ҷаласаро Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иқтисоди кишвар мебошад.

Қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд. Дар ин раванд аз ҷониби Муовини Раиси вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - Мирзозода Муссо Одинамуҳаммад, Муовини Раиси шаҳри Турсунзода - Азимзода Азимҷон Бахтиёр, Муовини Раиси шаҳри Ҳисор – Нурализода Хайриддин Нуралӣ, Муовини якуми Раиси ноҳияи Шаҳринав – Анварзода Одилҷон, Муовини Раиси ноҳияи Рудакӣ - Қосимзода Саидаҳмад ва Сардори Шуъбаи рушди иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – Валиев Хуршед дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2027-2028 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида рузи 19 марти соли 2025 дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об ва нақтиёт муаррифӣ ва баррасӣ карда мешаванд.