Навиди Вазорат



Ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байнидоравӣ оид ба таҳияи Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 барои солҳои 2026-2028

.

  

Санаи 18 марти соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байнидоравӣ оид ба таҳияи Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 барои солҳои 2026-2028 таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. баргузор гардид.

 

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. иброз дошт, ки мақсади Стратегияи мазкур гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди «сабз» мебошад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 аз рӯи ҳадафу вазифаҳои дар бахшҳои он муайянгардида ба 5 марҳила тақсим карда шудааст, аз ҷумла марҳилаҳои якум ва дуюм (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026-2028) чорабиниҳо дар самти оммавигардонии маълумот оид ба иқтисоди «сабз», таълим ва ташаккули тафаккури иқтисодию экологӣ, ворид намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риоя намудани онҳо ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ ва оғози амалигардонии стандартҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварро дар бар мегирад.

Вобаста ба ин пешниҳод гардид, ки аъзои Гурӯҳи корӣ ҳангоми омода намудани пешниҳодҳо ба Нақшаи амали Стратегияи мазкур дар солҳои 2026-2028 пешравиҳои дар ҷаҳони муосир амалигардида, тамоюлҳои нави рушди иқтисоди «сабз»-ро ки ба инноватсия, рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунӣ равона гардидаст ба асос гирифта, дар доираи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар манзур карда шаванд.

Бо назардошти ин дар ҷаласи Гурӯҳи корӣ марҳилаҳои таҳия ва манзур намудани пешниҳодҳо муайян карда шудаанд.