Навиди Вазорат



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо чорабинӣ оид ба анҷомёбии марҳилаи муҳимми татбиқи лоиҳаи IRDP/TRIGGER баргузор гардид

.

  

18 марти соли 2025 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо чорабинии тантанавӣ бахшида ба анҷомёбии марҳилаи муҳимми татбиқи Лоиҳаи «Барномаи рушди фарогири деҳот (IRDP TRIGGER)», ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) бо дастгирии техникии ташкилоти GIZ амалӣ мешавад, баргузор гардид.

Чорабинии мазкур таҳти раисии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин баргузор гардида, дар он Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, Директори лоиҳаи мазкур Вулф Горетский, шарикони рушд ва дигар иштирокчиёни лоиҳа иштирок намуданд.

Дар оғози суханронӣ Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ мунтазам рушд ёфта, заминаи боэътимод барои татбиқи лоиҳаҳои созандаю пурсамар фароҳам оварда шудаанд.

Зимни суханронӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо ҳамаи шарикон ва иштирокчиёни лоиҳаро ба анҷомёбии бомуваффақияти марҳилаи навбатии татбиқи лоиҳа табрик намуда, қайд кард, ки лоиҳаи IRDP TRIGGER як қадами муҳим барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, таҳкими имкониятҳои соҳибкории ҷавонон, тақвияти идоракунии захираҳои об ва рушди устувори деҳот гардид.

Лоиҳа ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва минтақаҳои водиҳои Зарафшон ва Раштро дарбар гирифта, дар беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинон, дастгирии истеҳсолкунандагони хурд, таҳкими ҳамкории бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар саҳми назаррас гузошт.

Дар анҷоми чорабинӣ вазир ҷиҳати татбиқи чунин лоиҳаҳои муҳимми минтақавӣ, ки намунаи беҳтарини ҳамкории судманд ва дастгири рушди устувори иқтисодӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошанд, ба Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Олмон ва ташкилоти GIZ изҳори миннатдорӣ намуд.