Навиди Вазорат



Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Панҷ

.

  

22 марти соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуд.

Завқизода З. А. мардуми ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашни таърихии миллати тоҷик табрик намуда, қайд кард, ки дар давоми соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сулҳу суботи комил боз рушди устувори тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таъмин гардид. Аз ҷумла танҳо дар 24 соли замони соҳибистиқлолӣ буҷети ноҳия ба маротиб зиёд шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 13 баробар, саноатӣ 12 баробар ва музди миёнаи меҳнати сокинон беш аз 191 баробар зиёд гардид.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ Завқизода З. А. якҷо бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Панҷ Иброҳимиён А. К. дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла 4 синфхонаҳои иловагӣ барои зиёда аз 200 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва хизматрасонии тиҷоратӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок карда, сокинонро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ва ба истифода додани иншооти навбунёд табрику таҳният намуданд.

Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Раиси ноҳия дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия баргузор гардид, иштирок намуда, ба ятимони кулл, маъюбон ва камбизоатон кӯмакҳои моддӣ тақдим карданд.