Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ)

.

  

25 марти соли 2025 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) доктор Асад Маҷид Хон вохӯрӣ баргузор намуд.

Завқизода З. А. қайд кард, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ дар маркази сиёсати хориҷии иқтисодии кишвар қарор дошта, Тоҷикистон ҳамкориҳои босамарро бо ташкилотҳои байналмилалии минтақавӣ, аз ҷумла СҲИ, яке аз самтҳои афзалиятнок медонад.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъол ва ташаббускор дар доираи СҲИ дар самтҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла рушди савдои озод, густариши долонҳои нақлиётӣ, ҳамкориҳои энергетикӣ, идоракунии захираҳои обӣ, рушди сайёҳӣ ва татбиқи иқдомҳои сабзи экологӣ саҳми арзанда мегузорад.

Имрӯз зиёда аз сеяки гардиши савдои хориҷии кишвар маҳз ба кишварҳои узви СҲИ рост меояд, ки аз афзоиши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дарак медиҳад.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди шабакаҳои транзити нақлиётӣ, ҳамкории гумрукӣ, бозори воҳиди энергетикӣ ва барномаҳои иҷтимоиву фарҳангии СҲИ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориро муҳокима карданд.