Навиди Вазорат



Баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вазоратҳои нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028

.

  

28 марти соли 2025 тибқи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, №92-ф дар вазорат бо иштироки намояндагони вазоратҳои нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 баргузор гардид.

Ҷаласаро Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иқтисоди кишвар мебошад.

Қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 муқаррароти ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ба инобат гирифта шаванд. Дар ин раванд аз ҷониби Муовини Вазири нақлиёт - Саидмуродзода Шоиста, Муовини Вазири энергетика ва захираҳои об - Сафарзода Манучеҳр, Муовини Вазири кишоварзӣ – Нигина Анварӣ ва Муовини Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида рузи 2 апрели соли 2025 дурнамои нишондиҳандаҳои асосии соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав ва сармоягузорӣ муаррифӣ ва баррасӣ карда мешаванд.