Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати миссияи Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

14 апрели соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо роҳбари миссияи Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото ва ҳайати он баргузор гардид, ки дар рафти он натиҷаҳои омӯзиши таҳлилии Тоҷикистон (Country Diagnostic Studies) ва лоиҳаи Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии Рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон (Country Partnership Strategy) барои солҳои 2026–2030 мавриди баррасӣ ва мубодилаи назар қарор гирифтанд.

 

Тибқи рӯзномаи ҷаласа ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорати иқтисод, саноати сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ, таҳсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, иштирок дар маблағгузории сохтмони НБО Роғун, ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои минтақавӣ, ҳамчунин мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаҳои тиҷорати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан.

Солеҳзода А. А. оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои қайдгардида мухтасар маълумот дода, аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дархост ба амал овард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергетикаи сабз, баҳусус сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузории зиёд намоянд.

Дар доираи мулоқот ҷаноби Ко Сакамото изҳор дошт, ки омӯзиши таҳлилии кишвар вазъияти кунунии иқтисодӣ ва имкониятҳои рушди минбаъдаро ҳамаҷониба дар бар гирифта, ҳамчун замина барои таҳияи Стратегияи шарикӣ барои солҳои 2026–2030 хизмат хоҳад кард.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, бахусус дар татбиқи барномаи муштарак оид ба рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва дастгирии бахши хусусӣ иброз доштанд.