Вохӯрӣ бо Элизабет Инга Миллард
15 апрели cоли 2016 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Элизабет Инга Миллардро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузориву энергетика, нақлиёт, кумакҳои башардӯстона ва самтҳои дигари барои ҳар ду ҷониб судманд, табодули назар карданд.