Навиди Вазорат



Аввалин Ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид

.

  

7 майи соли 2025 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чон Сун Сик аввалин ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати нақлиёт, инчунин намояндагони Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) иштирок намуданд.

Завқизода З. А. дар суханронии худ таъкид кард, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея фароҳам овардааст. Маҳз ба шарофати ин сиёсати хирадмандона сатҳи эътимоди мутақобила боло рафта, шароити мусоид барои ҷалби маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак фароҳам гардидааст.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Корея шарики боэътимод ва дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамкориҳо бо ин кишвар дар даҳсолаи охир босуръат рушд карда, лоиҳаҳои сармоягузории он ба беш аз 73 миллион доллар расидаанд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Завқизода З. А. муҳиммияти тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаҳои мавҷудаи KOICA таъкид гардида, пешниҳодҳои мушаххас вобаста ба сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси Маркази рақамии хизматрасониҳо дар назди вазорат, сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаҳои дурдаст, бунёди гармхонаҳои муосир, мустаҳкамсозии соҳил ва идоракунии обёрӣ, бунёди маркази омӯзиши фаннӣ ва техникии соҳаи нассоҷӣ, таъсиси парки саноатии муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди логистикаи содиротӣ ва рушди илму таҳқиқот манзур карда шуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини назорати доимии иҷрои лоиҳаҳо ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муколамаи мунтазамро идома медиҳанд.