Навиди Вазорат



Баррасии ҳамкориҳо бо Намояндагони Иттиҳоди Аврупо

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Намояндаи махсуси он дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Питер Буриан баргузор гардид. 

Дар оғози мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин омилҳои таъсирбахш ба рушди иқтисоди миллӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон, тарафҳо фикру мулоҳиза ва таклифҳои муфиди худро роҷеъ ба раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, минҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи рушди миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 баён доштанд.

Дар интиҳои дидор ҳайати Иттиҳоди Аврупо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои ҳасана миёни ду ҷониб иброз доштанд.