Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC)
19 майи соли 2025 дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР), ки аз 19 то 22 майи соли 2025 дар Алжир баргузор мегардад, вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) Адииб Яҳё баргузор гардид.
Завқизода З. А. дар оғоз таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, аз ҷумла бо ITFC, дар солҳои охир таҳким ёфта, ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ҷараёни иҷрои Созишномаи чорчӯбаи маблағгузорӣ барои солҳои 2023–2026-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати таҳкими татбиқи самараноки онҳо таъкид намуданд. Қайд бояд кард, ки Созишномаи мазкур соли 2023 дар шаҳри Ҷидда ба имзо расида, ҷалби маблағузрии 100 млн. долларро ба лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар пешбинӣ менамояд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод намуд, ки маблағгузорӣ ба самтҳои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, нассоҷӣ ва рушди инфрасохтор зиёд карда шаванд.
Дар посух роҳбарияти ITFC ҷонибдории худро аз самтҳои пешниҳодшуда иброз дошта, омодагии ниҳодро барои таҳияи роҳҳои мушаххаси маблағгузорӣ таъкид кард.
Қобили қайд аст, ки аз соли 2008 инҷониб, ITFC ба иқтисоди миллии кишвар зиёда аз 210 миллион доллар маблағгузории тиҷоратиро равона намудааст.
Ҳайати расмии Тоҷикистон аз Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин (роҳбари ҳайат), муовини якуми Вазири молия, мудири алтернативӣ Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми Раиси Бонки миллӣ Шарифзода Фируз ва Раиси КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Бобозода Ҳокимшоҳ иборат мебошад.
Вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи БИР бо дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ идома доранд.