Баррасии ҳамкориҳо бо Холид Ғоним Ал Ғайс
22 апрели соли 2016 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъмутулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти роҳбарии Холид Ғоним Ал Ғайс - Муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои иқтисодии АМА баргузор гардид.
Қобили тазаккур аст, ки ҳайати мазкур ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.
Ҷалби ширкатҳои бузурги Амороти Муттаҳидаи Араб дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои ҳаётан муҳим, рушди иқтисод ва тиҷорат, энергетика, саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он, инчунин рушди туризм аз масъалаҳои калидӣ ва баррасишаванда дар мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Холид Ғоним Ал Ғайс маҳсуб гардиданд.
Имрӯзҳо тамоми шароит барои ҷалби сармоягузорон ва фаъолияти шаффофи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё карда шудааст, ки метавонад ба рушди босуръати сармоягузорӣ дар кишвар мусоидат намояд, зикр гардид ҳини мулоқот.
Дар анҷом ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд.