Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори иҷроияи Фонди Саудии Рушд
20 майи соли 2025 дар шаҳри Алжир, дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Фонди Саудии Рушд Султон Абдураҳмон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои супоришҳо аз натиҷаи вохӯрии сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷроияи Фонди Саудии Рушд 4-уми декабри соли 2023 ва мувофиқаҳои бадастомадаро вобаста ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар пайгирӣ намуда, татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаро дар соҳаҳои маориф, энергетика ва нақлиёт мавриди муҳокима қарор доданд.
Завқизода З. А. саҳми Фондро дар пешбурди лоиҳаи афзалиятноки миллӣ НБО «Роғун» бо таъмини қарзи имтиёзноки 100 миллион доллар махсусан муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ин дастгирӣ ба ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи энергетика, бахусус таъмини неруи барқ мусоидат мекунад.
Дар идомаи вохӯрӣ зарурати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳоро дар самти нақлиёт, бахусус татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳҳо, тандурустӣ, обтаъминкунӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна таъкид гардида, барои ҷалби маблағгузории иловагӣ ба бахшҳои қайдгардида даъват ба амал оварда шуд.
Директори иҷроияи Фонди Саудии Рушд аз сатҳи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Фондро барои зиёд намудани маблағгузорӣ ва дастгирии лоиҳаҳои нави афзалиятнок баён кард. Инчунин қайд намуд, ки бо мақсади татбиқи лоиҳаи нави афзалиятнок, бахусус сохтмони роҳи автомобилгарди Гулистон – Кӯлоб рӯзҳои 3-4 июли соли 2025 ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Қайд бояд кард, ки аз оғози ҳамкорӣ то ба имрӯз Фонди Саудии Рушд барои татбиқи 14 лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии зиёда аз 325 миллион доллар маблағ ҷудо намудааст. Лоиҳаҳо бахшҳои маориф, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ ва дигар соҳаҳоро дар бар мегиранд.
Ҳайати расмии Тоҷикистон аз Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин (роҳбари ҳайат), муовини якуми Вазири молия, мудири алтернативӣ Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми Раиси Бонки миллӣ Шарифзода Фируз ва Раиси КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Бобозода Ҳокимшоҳ иборат мебошад.
Вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи БИР бо роҳбарият ва намояндагони Корпоратсияҳои он идома доранд.