Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбари Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD)
21 майи соли 2025 дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз 19 то 22 майи соли 2025 дар Ҷумҳурии Алжир вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) Халид Халафалла баргузор гардид.
Завқизода З. А. дар оғоз изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои Гурӯҳи БИР, аз ҷумла ICD аҳамияти стратегӣ касб намуда, ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
Дар рафти вохӯрӣ имконоти нави ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳияи механизмҳои сармоягузорӣ тавассути дигар бонкҳои устувори маҳаллӣ, модели иҷораи исломӣ, дастгирии соҳибкорони хурду миёна ва лоиҳаҳои афзалиятноки бахши воқеии иқтисоди миллӣ баррасӣ гардид.
Ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи худро ба соҳаҳои нассоҷӣ, энергетикаи сабз ва логистика ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо ICD таъкид намуда, пешниҳод кард, ки барои арзёбии вазъи мавҷуда ва таҳияи нақшаи мушаххаси кор, сафари гурӯҳи техникӣ аз ҷониби ICD ба Тоҷикистон баргузор карда шавад.
Дар посух роҳбари ICD ба самтҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳи мусбат зоҳир намуда, омодагии ниҳодро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобила таъкид кард.
Ҳайати расмии Тоҷикистон аз Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин (роҳбари ҳайат), муовини якуми Вазири молия, мудири алтернативӣ Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми Раиси Бонки миллӣ Шарифзода Фируз ва Раиси КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Бобозода Ҳокимшоҳ иборат мебошад.
Вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи БИР бо роҳбарият ва намояндагони Корпоратсияҳои он идома доранд.