Навиди Вазорат



Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Остона ва ҷаласаи 2-юми вазирони иқтисод ва савдои Қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин»

.

  

30 майи соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Форуми байналмилалии Остона (AIF) ҷаласаи дуюми вазирони иқтисод ва савдои Қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо – Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласаи мазкур, ки бо мизбонии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, рушди устувор, таҳкими занҷираҳои таъминот ва истеҳсолоти минтақавӣ, бартарафсозии монеаҳои ғайритарифӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Солеҳзода А. А. дар суханронии худ бо истинод ба сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои минтақа ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи механизми «Осиёи Марказӣ – Чин» таъкид намуда, иброз дошт, ки чунин вохӯриҳо барои муттаҳидсозии иқтидори иқтисодии минтақа заминаи воқеӣ фароҳам меоранд.

Зимни суханронӣ Солеҳзода А. А. аҳаммияти татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи муҳити зист ва иқлимро таъкид намуда, аз баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29–31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта истодааст, ҳамчун иқдоми бузурги глобалӣ зикр намуд.

Дар доираи ҷаласаи вазирон лоиҳаи чор санади муҳими ҳамкорӣ, аз қабили Нақшаи амал байни вазоратҳои иқтисод ва савдои Қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин» оид ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, Ёддошти тафоҳуми Қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин» оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти савдои бевақф, Ёддошти тафоҳуми Қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин» оид ба густариши ҳамкориҳо дар самти сармоягузории маъданҳои «сабз» ва Ҳуҷҷати натиҷавии ҷаласаи дуюми вазирони иқтисод ва савдои Қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» мувофиқа ва тасдиқ гардиданд, ки санадҳои мазкур рӯзҳои 16–17 июни соли 2025 дар шаҳри Остона дар ҳошияи 2-юмин Саммити сарони давлатҳои Қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» ба имзо хоҳанд расид.

Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласаи вазирон Солеҳзода А. А. бо муовини вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва роҳбарони дигар ҳайатҳои расмии кишварҳои иштирокчӣ оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба мулоқот анҷом дод.

Дар анҷоми ҷаласаи вазирон Муовини якуми вазир омодагии пурраи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳои зикршуда ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзо изҳор намуд.