Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи Шӯрои сиёсати саноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
4 июни соли 2025 дар доираи ҷаласаи 11-уми Шӯрои сиёсати саноатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон Қудратов Лазиз Шавкатович баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ҳарду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои дуҷониба давра ба давра тамоюли рушдро касб намуда, ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.
Аз ҷумла гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-апрели соли 2025 байни Тоҷикистон ва Узбекистон ба 184 млн. доллар баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 млн. доллар ё 3,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, саноатӣ, сармоягузорӣ ва савдо миёни ду кишварро мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтор ва саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади пайгирии натиҷаҳои бадастомада ҳамкориҳоро тавассути ниҳодҳои марбута ва бахши хусусӣ дар самти амалӣ гардондани лоиҳаҳои стратегӣ тақвият медиҳанд.