Навиди Вазорат



Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи панелии "Ташаккули фазои сармоягузории байниминтақавӣ: имкониятҳо ва дурнамо" дар шаҳри Қазон

.

  

11 июни соли 2025 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло дар иҷлосияи панелии "Ташаккули фазои сармоягузории байниминтақавӣ: имкониятҳо ва дурнамо", ки дар шаҳри Қазон дар доираи барномаи тиҷоратии экспедитсияи "Сафар ба дили Авруосие " баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар суханронии худ Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муфассал муаррифӣ намуда, хоҳиши кишварро барои фароҳам овардани фазои мусоид ва пешбинишавандаи сармоягузорӣ, инчунин омодагӣ ба густариши робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ИДМ таъкид намуд.

Ба самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла энергетикаи сабз, саноати коркард, кишоварзӣ, сайеҳӣ ва иқтисоди рақамӣ диққати махсус дода шуд.

Ҳамчунин, нақши фаъоли Тоҷикистон дар беҳтар намудани шароити сармоягузории мутақобила дар доираи раёсати худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 таъкид гардид.

Дар ин замина, муовини вазир аҳамияти маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба ҷалб ва ҳавасмандгардонии сармоягузориҳои мутақобила дар давлатҳои иштирокчии ИДМ то соли 2030, ки бо ташаббуси Тоҷикистон тасдиқ шудааст, қайд кард. Ҳуҷҷати мазкур ба бартараф кардани монеаҳо дар фаъолияти мутақобилаи сармоягузорӣ, ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ ва эҷоди воситаҳои самараноки дастгирии сармоягузорон равона шудааст.

Иштирок дар иҷлосияи панелӣ имконияти муҳим барои муаррифии иқтидори иқтисодии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои корӣ ва пешбурди ташаббусҳои амалӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавии сармоягузорӣ дар фазои авруосие гардид.