Навиди Вазорат



Мулоқоти Муовини якуми вазир бо роҳбари Бахши Авруосиёии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР)

.

  

18 июни соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо роҳбари Бахши Авруосиёии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) ҷаноби Уилям Томпсон ва ҳайати ӯ баргузор гардид.

Мақсади сафар ва мулоқоти намояндагони СҲИР таҳкими ҳамкориҳо дар доираи ташаббуси Долони нақлиётии Транскаспий ва баррасии имкониятҳои рушди ҳамгироии иқтисодӣ ва логистикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар оғози мулоқот Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёду азнавсозии роҳҳои байналмилалӣ ва табдили долонҳои нақлиётӣ ба долонҳои иқтисодӣ ва бо ин роҳ мубаддал гардонидани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Дар ин хусус ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва кишварҳои шарики Тоҷикистон сифатан баланд бардошта шуда истодаанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои инфрасохтори роҳ, содагардонии расмиёти савдо, бунёди марказҳои логистикӣ ва гузариш ба иқтисоди сабзу рақамиро муҳокима намуданд.

Қайд гардид, ки барои кишварҳои ба баҳр баромад надошта мисли Тоҷикистон, таъмини дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ тавассути рушди долонҳои гуногунсамт ва устувор аҳамияти муҳим дорад. Дар ин замина, долони Транскаспий ва дигар долонҳои бунёдшудаистода метавонанд нақши калидӣ дар тавсеаи имкониятҳои содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дошта бошанд.

Ҳамзамон дар рафти мулоқот ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳамгироии рақамӣ, ҳамоҳангсозии платформаҳои электронии гумрукӣ ва татбиқи инфрасохтори мутобиқшаванда ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ташаббусҳои нав иброз намуданд.