Навиди Вазорат



Ҷамъомади ботантана ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ 26 июни соли

.

  

2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ бахшида ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният намуд.

Солеҳзода А. А қайд намуд, ки ҳамаи дастовардҳои замони истиқлол, ваҳдату якпорчагии миллат маҳз ба фаъолияти пурсамар ва азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дошта, давлати мо дар самти рушди устувор ва таъмини зиндагии арзандаи мардуми Тоҷикистони маҳбубамон ба комёбиҳои беназир ноил гардид.

Муовини якуми вазир оид ба моҳият ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ, барқароршавии сулҳ ва амнияту осоиш дар ҷумҳурӣ, зарурат ва ҳифзи сулҳу ваҳдати бо заҳматҳои зиёд бадастомада, нақши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарҷамъ ва ба ҳам овардани миллати тоҷик, таъмини якпорчагии сарзамини тоҷикон ва баланд бардоштани мавқеи давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ ибрози назар карда, қайд намуд, ки маҳз ба шарофати он дар Тоҷикистон заминаҳои рушду пешрафт фароҳам омада, ҷумҳурӣ ба комёбиҳову дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

Ҳамзамон дар чорабинӣ муовини сардори раёсат-сардори шӯъбаи рушди соҳаҳои иҷтимоӣ Одиназода Моҳтоббӣ сухан ронда дар бораи нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бесобиқа арзёбӣ намуд.

Дар охир ба кормандони вазорат дастур дода шуд, ки зиракии сиёсиву амниятиро аз даст надода, доимо барои ҳифз ва тақвият додани дастовардҳои Ваҳдати миллӣ дар фаъолияти кориву шахсии худ ҷидду ҷаҳд намоянд.