Навиди Вазорат



Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025

.

  

25 июни соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа раванди панҷ ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ баррасӣ шуд, аз ҷумла:

-Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027; -Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026;

-Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027;

-Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027;

-Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027.

Оид ба рафти татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз масъули ҷониби муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Мануҷеҳр Баҳодур, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафармаҳмадзода Мирзовалӣ, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев Зоҳир Назруллоевич, сардори Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Иброҳим ва сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Забирзода Некрӯ Ханҷар рӯнамо пешниҳод гардид.

Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои зикршуда вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо ва вазъи иҷрои ҳуҷҷатҳои зикршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол мегардад.