Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти нимсолаи якум 2016
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти навбатии матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки наздики 30-намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар доир гашт, Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорат ва муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод, нишасти матбуотиро бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, сипас, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар посух гардонида шуд.
Дар аснои нишасти матбуотӣ масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳаҷми ММД, фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ, истеҳсол ва содироти алюминий, паёмадҳои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикиситон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Нақшаи чорабиниҳо доир ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, воридоти орду гандум ба ҷумҳурӣ, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.