Навиди Вазорат



Вохӯрии Неъматулло Ҳикматуллозода бо Гян Ачария

.

10 августи соли 2016 дар Кохи Сомон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачария баргузор гардид. 

Зимни вохӯрӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону СММ, инчунин муҳимияти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили вобаста ба Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи "Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт" ва аҳамияту муҳимияти баргузории ин чорабинии байналмилалӣ дар ҳаёти имрӯзаи мардумони сайёра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.