Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазир бо Пол Росс

.

22 августи соли ҷорӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии муовини Директори Департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Пол Росс баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, алалхусус оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, низоми бонкӣ ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт баён доштанд.