Рӯнамои нави Стратегияи шарикӣ бо БОР

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамои Стратегияи шарикии Бонки Осиёии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020 баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Чанг Чинг Ю бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд. 

Сипас, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Венкай Жанг оид ба аҳамияти Стратегияи мазкур суханронӣ намуданд. 

Зимни рӯнамои Стратегияи шарикии Бонки Осиёии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020 Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Чанг Чинг Ю ҷиҳати ҳадафу афзалиятҳои Стратегияи мазкур ибрози ақида намуд.

Дар нимаи дуюми рӯз, вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҷаноби Венкай Жанг – Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид. Зимни мулоқоти дуҷониба тарафҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушдро баррасӣ намуданд. 

Ҳамчунин, тарафҳо масъалаҳои ислоҳоти бахши хусусӣ, беҳсозии иқлими сармоягузорӣ, дастгирии низоми бонкии кишвар ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное