Иштироки Вазир дар ҷаласаи вазирони СҲШ
12 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии вазирони масъули робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва савдои берунаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур Неъматулло Ҳикматуллозода суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки ҷаласаи вазирони масъул барои муайян намудани ҳолат ва ҳамкориҳои нави соҳаи иқтисод ва савдо дар чорчӯбаи СҲШ мусоидат менамояд.
Худи ҳамон рӯз вохӯрии дуҷонибаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Қирғизистон Арзыбек Кожошев баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳо оид ба сатҳи зарурӣ баровардани муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва зиёд намудани гардиши савдо миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд.