Навиди Вазорат



Вохӯрии муовини Вазир бо муовини Директори Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ

.

13-уми октябри соли ҷорӣ вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод бо муовини Директори Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОICA) ҷаноби Ки Кюнг Сеок баргузор гардид. 


Дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҷойдошта байни ду кишвар ҳарф зада, имконияту зарурияти вусъат бахшидани равобити мутақобиларо дар партави пешниҳодҳои дуҷониба, ки дар рафти сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мамлакати мутараққӣ баён гардидаанд, таъкид намуданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳҳои обию барқӣ ва дигар масъалаҳои афзалиятноки рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаи Рашт мубодилаи афкор намуданд.