Вохӯрии Умед Давлатзод бо Сафири Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо Сафири Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эдгардс Бондарас баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо дар атфори масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди саноат ва гидроэнергетика, ҷалби сармоягузорӣ, истеҳсолоту содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин, зимни вохӯрии мазкур масъалаи баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию илмӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Латвия дар ҳамаи самтҳои афзалиятдоштаи иқтисодиёт баён доштанд.