Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазир бо Суҳайл бин Муҳаммад ал-Мазруӣ

.

20 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаноби Суҳайл бин Муҳаммад ал-Мазруӣ баргузор гардид. 

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, саноат, сармоягузорӣ, нақлиёту логистика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб баён доштанд.